Помогите найти "Карори Хукумати ЧТ №427

Ответить на тему
 
Автор Сообщение

firdavs90 ®

Пол: Мужской

Стаж: 8 лет 10 месяцев

Сообщений: 89

Создавать темы 03-Янв-2019 13:30

[Цитировать]

Помогите пожалуйста, найти Карори Хукумати ЧТ №427 "Барномаи таълим ва омузиши забонхои руси ва англиси дар ЧТ барои солхои 2015-2020"
[Профиль] [ЛС]

scaumedes

Пол: Мужской

Стаж: 1 год 9 месяцев

Сообщений: 500

Создавать темы 03-Янв-2019 16:28 (спустя 2 часа 57 минут)

[Цитировать]

Здесь неполная версия, да и то кодировка слетела :http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=122107. Полная версия доступна только учреждениям оплатившим подписку.
Напишите в фейсбуке юридической компании Химоя, они вам пришлют полную версию
[Профиль] [ЛС]

~Ashraf-tjk~

Пол: Мужской

Стаж: 6 лет 5 месяцев

Сообщений: 5545

Откуда: - Bit-Torrent country (2shanbe)

Создавать темы 03-Янв-2019 17:26 (спустя 58 минут)

[Цитировать]

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИРУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
скрытый текст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ
ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ
РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
МУҚАДДИМА
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати касбӣ ва ҳаррўза истифода бурда метавонанд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чораҳои мақсаднок андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарӣ, амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълимӣ ва системаҳои комплексии технологии таълим, аз ҷумла системаи мултимедия, инчунин воситаҳои худомўзии фардиро, васеъ намоянд. Ҳамаи ин тадбирҳо коркарди механизмҳои нави муташаккилӣ, методӣ, илмӣ ва таъмини иттилоотии раванди таълиму тарбияро дар такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад.
Масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Махсусан, нақш ва мақоми забони русиро дар фазои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан ба маврид аст. Ин нуқта дар Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардидааст. Ҳамзамон, иқтисоди бозоргонӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур, васеъ гардидани раванди мубодилаи дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба баланд шудани талабот баҳри таълим ва омўзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ оварда мерасонад.
Вазъи имрўзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омўхта шаванд.
Дар солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» бомуваффақият амалӣ карда шуд. Вазъи имрўзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибати сиёсӣ нисбат ба забони ин давра бармеояд. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ хеле равшан муқаррар кардааст. Аз ин ҷост, ки хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бидуни амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад. Ҳар қадар фарҳанги забони муоширати байналхалқӣ баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги забони миллӣ баланд мешавад. Ба дигар маънӣ, фарҳанги забони миллӣ бо сатҳи умумии фарҳанги ҷомеа, бо ташаккул ва тарбияи фарҳанги умумии шахсияти ҳамаҷониба обутобёфта тавъам мегардад.
Солҳои охир дар ҷомеаи муосир тағйироти куллии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мушоҳида гардида, муносибати байналмилалӣ васеътар мегардад. Аз ин рў, дар чунин шароит ниёз ба такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба ташаккули фарҳанги муоширати таҳаммулпазирона мусоидат мекунад, пайдо гардида, муносибати байни халқҳо ва кишварҳоро таҳким мебахшад.
Муоширати байнифарҳангӣ робитаи инсонҳоест, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳар як забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ифодагари фарҳанги воқеии ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ин ё он забон арзи ҳастӣ дорад ва ба фарҳанги он хизмат мекунад. Тавассути аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ инсон ҳамзамон ба фарҳанги миллии дигаре низ ошно мегардад, аз ҷаҳони маънавие, ки дар он забон нуҳуфтааст, дунёи ботиниашро ғанӣ мегардонад. Масъалаи омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо масъалаи омўхтани таърихи кишвар, фарҳанг ва ҳаёти он халқ вобаста аст.
Моҳияти таҳким ва устувории сиёсати давлатӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сифатан беҳтар намудани таълиму омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта оварда мерасонад, ки забони модариашро аз худ кардааст ва бо забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва бо забони англисӣ ҳамчун забони густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ сўҳбат карда тавонад.
Барномаи мазкур заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ гардида, мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ — техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.
ВАЗЪИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ сабабҳои омўзиш, метод, маҳорати устод ва мутассил ба роҳ мондани машғулиятҳо хеле муҳим аст. Аз он муҳимтар омода намудани шароит барои омўзиши забон мебошад. Таркиби асосии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити имрўза дар муассисаҳои таълимӣ аз ин омилҳо иборат аст: таъмини шароити мусоиди раванди таълим (таъминоти кадрӣ, методӣ, моддӣ-техникӣ); сифати татбиқи раванди таълим (мақсад, мўҳтаво, шакл ва усул); сифати натиҷаҳои бадастомада (ташаккули шахсияти донандаи забонҳо, кўшиш ба фарҳанги баланди муошират ва суханварӣ).
Омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи барномаи таълимии пай дар пай ва мунтазам мувофиқат мекунад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ омўзиши фанни забони русӣ аз синфи 2 ва забони англисӣ аз синфи 3 оғоз меёбад. Тибқи барномаи таълимӣ барои омўзонидани забони русӣ аз синфи 2 то 11 дар ҳаҷми 27 соат дарс дар 1 ҳафта, барои таълими забони англисӣ бошад, аз синфи 3 то 11 дар ҳаҷми 24 соат ҷудо карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равияҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, математикиву иқтисодӣ ва табиӣ дошта, барои омўзиши ин забонҳо аз 18 то 20 соат дар як ҳафта ҷудо шудааст.
Дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар гурўҳҳои тоҷикӣ дар давоми сол дар ҳаҷми аз 50 то 200 соат ба нақша гирифта шудааст. Дар гурўҳҳои таълимашон ғайритоҷикӣ ва дар факултетҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар давоми 4 семестр идома меёбад.
Дар 3826 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 7076 омўзгорони фанни забони русӣ ва 5820 омўзгорони забони англисӣ фаъолият доранд. Омода намудани мутахассисон барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷумҳурӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бевосита барои омода намудани мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мебарад. Инчунин факултетҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев мавҷуд буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 кафедраи забон ва адабиёти рус (141 омўзгорон) ва 22 кафедраи забони англисӣ (273 омўзгорон) фаъолият мекунанд.
Аз соли 2008 сар карда то ин дам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказҳои забони русӣ ҳамчун лоиҳаи фарҳанги ҷаҳонӣ кушода шуда, фаъолияташонро самаранок ба роҳ мондаанд, ки аз рўйи принсипҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ аз фонди «Русский Мир» бо дигар муассисаҳои таълимии ватанӣ, сохторҳои таълимиву фарҳангӣ амал мекунад. Фонди мазкур марказҳои худро дар заминаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон кушода, то имрўз амал менамоянд.
Ин марказҳо дар Тоҷикистон чун системаи иттилоотӣ ва таълимӣ фаъолият мекунанд, ки ин имкони дастрасӣ ба маълумоти бештари илмӣ ва таълимиро аз Россия фароҳам меорад ва дар самти омўзиши забон ва фарҳанги русӣ дар заминаи усулҳои пешрафтаи таълим ва барномаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Ин майдони эҷодӣ ва иттилоотӣ барои гузаронидани саҳмияҳои гуногун ва чорабиниҳо дар соҳаи гуманитарӣ ва ташкили равобити фарҳангӣ мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омода намудани омўзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ омода кардани мутахассисон аз рўйи тахассусҳои дар боло зикргардида берун аз кишвар гузаронида мешавад (аз соли 2010 то соли 2013 дар Федератсияи Россия 4 нафар мутахассис дар риштаи забони русӣ ва 10 нафар мутахассис дар риштаи забони англисӣ таҳсил мекунанд). Мутобиқи барномаи шўрои Амрико оид ба маълумоти байналхалқӣ аз соли 2010 то соли 2013 137 нафар хонанда барои бозомузии забони англисӣ, 34 омўзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади такмили ихтисос ба ИМА фиристода шуданд.
Бо ташаббуси мутахассисони миллӣ ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ марказҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ амал мекунанд, ки хоҳишмандони зиёдеро ба худ ҷалб намудаанд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ барои хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад. Муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои байналхалқӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ғолибони ин олимпиадаҳо ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он соҳиби имтиёз мегарданд.
Имрўз омўзиш ва ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад. Сабаби асоси камбудиҳои ҷойдошта ин норасоии базаи моддиву техникӣ ва методӣ, сифати пасти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ ба талабот ҷавобгў нест, сатҳи пасти омодакунии кадрҳо ва бозомўзии кадрҳои педагогӣ, норасоии адабиёти илмию методӣ, лексикографӣ ва иттилоотӣ, норасоии технологияи инноватсионӣ ва моделҳои муосири таълим, нарасидани мутахассисони баландихтисос, паст будани маоши омўзгорон, аз ҷумла омўзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаи таълимӣ мебошад.
Гарчанде дар даҳсолаи охир баъзе китобҳои нави таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ таҳия ва нашр шуда бошанд ҳам, онҳо наметавонанд пурра ба талаботи таъмини усулҳои муошират ва заминаи татбиқи муоширати байнифарҳангӣ ҷавобгў бошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ теъдоди омўзгорони забони русӣ ва англисӣ ҳануз кофӣ нест, гузашта аз ин таълими ин фанҳо ба сатҳу сифати баланд ва самаранокӣ ниёз дорад. Нарасидани мутахассисони баландихтисоси унвондори равияи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, номзад ва доктори илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ боиси нигаронист.
Махсусан вазъ дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, ки самти фаъолияташон омода кардани мутахассисони соҳаҳои педагогӣ ва тарҷумонӣ аз забони русӣ мебошад, ташвишовар аст. Масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби умумии омўзгорони забони англисӣ (35 нафар) ҳамагӣ 5-6 нафар унвони илмӣ доранду халос. Дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода то имрўз устодони унвондор (номзад ва ё доктори илм) намерасанд. Аз 58 омўзгори факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамагӣ се нафар номзад мебошад. Чунин вазъият дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ ба назар мерасад. Вазъи тахассусии омўзгорон дар кишвар, талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро бо омўзгорони малакаи баланддошта таъмин карда наметавонад. Инак, таи се соли охир (солҳои 2011-2013) аз 7214 омўзгорони забони русӣ ҳамагӣ 322 нафар, ки камтар аз 5% ва аз 2736 омўзгорони забони англисӣ 196 нафар сатҳи тахасуссии худро баланд бардоштанд, ки ҳамагӣ 7% -ро ташкил медиҳад.
Аз соли 2010 инҷониб дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шўрои диссертатсионӣ аз рўи шифри (рамз, аломати қайд) 13.00.02 – назария ва методикаи таълим ва тарбия (методикаи таълими забони модарӣ ва русӣ), ки мансуби илмҳои педагогист, фаъолият мекунад. Дар ин муддат дар Шўрои диссертатсионӣ аз рўи ин равия ва рамз 9 унвонҷў, аз ҷумла 1 докторант рисолаҳои номзадӣ ва докториро, асосан аз рўи методикаи таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ бо муваффақият дифоъ намуданд. Аз рўйи тадқиқоти илмии аз тарафи унвонҷўён баанҷомрасида, дастурҳои таълимию методӣ дар мавзўъҳои таълими якҷояи забони русӣ дар мактаби тоҷикӣ, таълими системаи феъли забони русӣ дар мактаби тоҷикӣ, инкишофи маҳорати эҷодии хонандагон дар таълими забони англисӣ дар заминаи ҳамгироии фаннӣ, татбиқи технологияи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар дарсҳои забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии тоҷикӣ ва амсоли ин таҳия гардиданд.
Аммо барои ҳалли дигар масоили мубрам баҳри такмили таълим ва омузиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Ҳамаи ин омилҳо андешидани чораҳои фаврӣ баҳри таҳқиқи метод ва усулҳои таълими забонҳои русӣ ва англисиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд. Барномаи мазкур чораҳои мушаххаси татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар бар мегирад.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО
Мақсади барнома аз рушд, такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Вазифаҳои Барнома иборатанд аз:
— рушди забони русӣ ва англисӣ дар фазои таълимӣ ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ;
— муттасил ба роҳ мондани омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ;
— азнавкунонии босифати муҳтаво ва такмили методу усулҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилот;
— мақсаднок омода намудани мутахассисони баландихтисоси забоншиносӣ дар самти омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз нав тайёр кардани кадрҳои педагогӣ дар ин самт;
— мутобиқшавӣ ба омодасозии касбии кормандони соҳаи маориф аз рўйи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади муоширати байнифарҳангӣ, озодона истифода бурдани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фаъолияти касбӣ;
— таъмин ва таҳким бахшидан ба базаи методӣ ва моддӣ-техникӣ баҳри баланд бардоштани сифати омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
— омода намудани барномаҳои таълимии санҷидашуда, модулҳо ва лоиҳаҳо доир ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
— фароҳам овардани имконот барои ташаккули ҳавасмандӣ ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
— таъмини заминаи ҳуқуқии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар бахши хусусӣ;
— таҳия намудани маҷмўи чорабиниҳо баҳри нигоҳдошт, таблиғ ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо кўмаки воситаҳои ахбори омма.
Системаи чорабиниҳои зарурии дар ин Барнома пешбинигардида баҳри сифатан беҳтар гардонидани таълим ва самарабахш аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фазои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рў, барои такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити бисёрзабонӣ ва таъмини бемайлони омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, дар заминаи китобҳои дарсӣ ва технологияҳои инноватсионии муосир, ки бо назардошти вижагиҳои забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ таҳия гардидаанд, бояд саъю кўшиш намуд.
САМТҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА ВА НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ
а) Таълиму тарбияи томактабӣ
Самтҳои асосии инкишофи таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мебошанд:
— гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқи меъёрҳои вуҷуддоштаи таълим аз синни 4-солагӣ;
— такмили босифати муҳтавои барнома ва маводи таълимиву методӣ дар самти омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои томактабӣ тибқи талаботи стандарти давлатӣ;
— фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ баҳри рушди қобилият ва завқи кўдакони синни томактабӣ дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла бо кўдакони болаёқат дар асоси ба инобат гирифтани нерўи зеҳнӣ ва малакаи забондонии онҳо;
— натиҷаи дилхоҳ аз татбиқи Барнома дар муассисаҳои томактабӣ дуруст дарк ва қабул кардани нутқ дар омўхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳудуди мавзўи тавсиягардида ва ҳолату мавриди сухангўйии кўдакон.
б) Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Самтҳои асосии рушди таҳсилоти умумӣ инҳоянд:
— таҳия ва такмили барномаҳои намунавӣ (аз синфи 1 то 11) дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти назария ва амалияи таълими забони русӣ ва англисӣ, дар асоси намунаи дарсҳо, машқҳои гуногун, технологияи тарзи истифодабарии онҳо, муносибати навоварӣ ба раванди таълим, технологияи инноватсионӣ дар таълим;
— инкишофи сохтор, муҳтаво ва методҳои таълимӣ дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси муошират, алоқамандии забон ва фарҳанг;
— ташаккули қобилияти лингвистӣ, муоширатӣ, сотсиолингвистӣ дар асоси таълими ҳамгирои забон ва адабиёти рус, аз ҷумла, дар заминаи матнҳои мутобиқ аз асарҳои адабиёти классикӣ ва муосир, то ки тамоми раванди таълим ба талаботи муосири таълим ва тарбияи шахсиятҳои таҳомулпазир ва эҳтироми тарафайн нисбати намояндагони ҳамаи халқияту миллатҳо ҷавобгў бошад;
— рушди системаи касбии мутобиқат дар раванди азхудкунии забонҳо;
— фароҳам овардани шароит ва имконот барои кўдакони лаёқатманд дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ бо назардошти фаъолияти зеҳнӣ ва рўшани забонӣ дар фардияти онҳо.
Натиҷаи дилхоҳ аз татбиқи Барнома дар соҳаи таҳсилоти умумӣ ташаккули муносибати шахсии мутобиқ ва ҳавасмандшуда ҳангоми омўхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳудуд, ҳаҷм ва талаботи стандарти давлатии таҳсилот мебошад.
в) Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Самтҳои асосии таҳсилоти касбӣ инҳоянд:
— таҳияи механизмҳои ҳавасмандгардонии муассисаҳо баҳри талаботи кадрҳои соҳибкасбе, ки озодона бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонанд;
— азнавкунонӣ ва такмили муҳтавои технологияҳои педагогӣ ҳангоми омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар омода кардани раванди методи лингвистӣ ва омодагии касбии хонандагон;
— таъмини нигаҳдошти захираи таълимиву методӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, такмил ва инкишофи минбаъдаи моделҳо ва методҳои муосири таълими забонҳои русӣ ва англисӣ;
— такмили мўҳтавои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сохтори тайёр кардани мутахассисон бо мақсади озодона муошират кардани онҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ баҳри ҳамкориҳои самарабахш дар самти муоширати фарҳангӣ бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ;
Натиҷаи дилхоҳи татбиқи ин боби Барнома – таъмин ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисон-филологҳо дар бозори меҳнат, ки бо дониши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ.
г) Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ
Самтҳои асосии рушди таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ инҳоянд:
— ширкати фаъолонаи ҳайати омўзгорону профессорони системаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ дар таҳқиқи бунёдии пажўҳишгоҳҳои илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, назария ва технологияи маълумот бо забони хориҷӣ, ки баҳри тайёр кардани омўзгорони касбии забонҳои русӣ ва англисӣ нигаронида шудааст;
— ба даст овардани тағйироти босифат дар системаи тайёр намудани омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, аз онҳо омода намудани на мутахассисони фанҳои махсус (забоншинос, филолог ва ғ.), балки мутахассисони касбӣ баҳри тайёр намудани омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, таҳия намудани стандарти давлатӣ, омода кардани мутахассисони касбию методии забонҳои русӣ ва англисӣ;
— таъсис ва рушди ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ бо ихтисоси иловагии забони русӣ ё англисӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисосҳои иловагии забони русӣ ё англисӣ. Тарҷумони забони русӣ ё англисӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ бо ихтисосҳои забони русӣ ё англисӣ ва ғайра;
— таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии нав, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маҷмўаҳои таълимӣ тибқи стандарти давлатӣ барои муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омўзиши босифати забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ташаккули масъулият ва салоҳияти муоширатии муҳассилин ва фаъолияти инфиродии онҳо;
— татбиқи робитаи ногусастании фарҳанг ва маориф, захираи маънавӣ дар самти инкишофи ҷомеаи имрўзаи тоҷик;
— такмили заминаи меъёрӣ ва илмиву методии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати омўзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ;
— иҷрои супоришҳои давлатӣ аз рўйи таъмини мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ;
— такмили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-техникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф дар асоси рушди макотиби илмиву забоншиносӣ ва методӣ;
— ба даст овардани сифати баланди такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ дар марказҳои илмӣ-методии хориҷи кишвар;
— ба даст овардани имкони гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ бо мақсади муҳокима кардани усулҳои муосири таълими забони русӣ ҳамчун забони гуфтугўии байни тамаддунҳо ва муоширати байналхалқӣ дар фазои умумии таълимӣ, таҳия кардани маводи таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимии кишвар бо назардошти махсусияти забони модарӣ;
— нишон додани ташаббус ҷиҳати татбиқи лоиҳаи байнидавлатии «Донишҷуён тарафдори робитаи забонҳо ва фарҳангҳо», ки бояд бо созмони конференсияи байналмиллалии донишҷўён таҳти ин унвон анҷом ёбад;
— таҳияи чораҳо ҷиҳати ҷалби донишҷўён ба кори таҳқиқотӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар нигаҳдошти фарҳангу забони халқҳои ҷаҳон, дастгирии ташаббусҳо баҳри рушди тарҷумаи бадеӣ;
— дар факултетҳои филологӣ, ки омўзгорони забонҳои русиро барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тайёр мекунанд, барқарор намудани таҷрибаомўзӣ барои инкишофи нутқ ва малакаи донишҷўён дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии Россия.
Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:
— қонеъ намудани талабот ҷиҳати гирифтани таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ, баҳри рушди ҷомеа ва пешравии давлат, тайёр намудани мутахассисоне, ки дорои тахассуси олии забонҳои русӣ ва англисӣ ҳастанд;
-истифодаи васеи механизмҳо ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла ба воситаи аспирантура ва докторантура;
— баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ аз рўйи ихтисосҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, сатҳи омодагии касбии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд;
— баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори меҳнат, рушди системаи фосилавии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини тахассуси олӣ аз рўйи забонҳои русӣ ва англисӣ ва методикаи таълими онҳо;
— омода кардани тарҷумонҳои соҳавии забонҳои русӣ ва англисӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва педагогӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ.
д) Таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии касбӣ:
— тайёр кардани номзадҳо ва докторҳои илм докторҳои соҳавӣ (РhD) аз забонҳои русӣ ва англисӣ;
— методикаи таълими ин забонҳо, таърихи адабиёти рус, робитаҳои адабӣ ва ғайра.
е) Таҳсилоти иловагӣ:
— таъсиси марказ, курс ва шуъбаҳои тайёрӣ барои хоҳишмандони омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
— ташкили марказҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:
— васеъ кардани робитаҳои муассисаҳои таълимӣ бо муассисаҳои таълимии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, фарох намудани имкони гузаронидани намоишгоҳи анъанавии «Российское образование» дар заминаи маркази илм ва фарҳанги русӣ (Россотрудничество) бо мақсади ҷалби донишҷўён ва хонандагон баҳри омўзиш дар муассисаҳои таълимии гуногуни олии Федератсияи Россия;
— омода кардани омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳо, омўзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ – дар аспирантура ва докторантураи кишварҳои хориҷӣ, васеъ истифода бурдани имконоти таълим дар самти муассисаҳои таълимии ШОС;
— ба роҳ мондани мубодилаи донишҷўён ва омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар доираи системаи таълимии ШОС;
— гузаронидани таҳқиқоти якҷояи илмӣ, методӣ, педагогӣ ва сотсиологӣ дар самти маълумоти хориҷӣ, лингвистикаи когнитивӣ, лингвокишваршиносӣ, лингвофарҳангшиносӣ, методикаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити ду ва ё бисёрзабонӣ;
— ташкил ва гузаронидани симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо аз рўйи масоили такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити таълими забони хориҷӣ, муоширати забонӣ ва фарҳангӣ;
— ҷалби ташкилоти байналхалқӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Россия ва Аврупо, марказҳои илм ва фарҳанг, лоиҳаҳои грантии Фонди «Русский Мир», намояндагиҳои хориҷӣ дар соҳаи илм, маориф ва санъат, ТҒД (НПО) ва ғайра дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ.
КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ ВА ИҶТИМОӢ БА ХОНАНДАГОН
Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:
— фароҳам овардани имконияти интихоби барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ва фардикунонии таълими ин забонҳо, муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини худмуайянкунии касбӣ ва интихоби ҷойи кор ба хонандагон;
— фароҳам овардани шароит дар сатҳи давлатӣ ва дастгирии пурра баҳри гирифтани маълумоти фарогир (инклюзивӣ) ба шахсони имконияташон маҳдуд;
— андешидани силсилаи чораҳои ҳавасмандкунӣ барои комёбиҳо дар хониш ва фаъолияти илмӣ;
— ҷудо намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ баҳри нигаҳдории объектҳои иҷтимоӣ-фарҳангии инфрасохтори системаи таълим ва дастгирии иҷтимоии омўзандагони забонҳои русӣ ва англисӣ.
ҶИҲАТИ ИЛМИИ БАРНОМА
Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии Барнома таъминоти бемайлони илмиву методиро талаб мекунад, ки маблағгузории он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ амалӣ кунонида мешавад.
Иҷрои Барнома ва вазифаҳои муқарраргардида баҳри гузаронидани корҳои илмӣ–тадқиқотӣ чунин самтҳои асосии фаъолиятро дар бар мегирад:
— гузаронидани корҳои бунёдӣ ва таҳқиқотӣ- амалӣ оид ба забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла дар самти омўзиши муқоисавии забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ, илмиву техникӣ ва инноватсионӣ, лоиҳаҳое, ки иҷрои корҳои илмӣ — таҳқиқотиро аз рўйи забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла дар соҳаи забоншиносии муқоисавӣ ва типологияи забонҳои гуногунсохтор таъмин намояд;
— таҳия ва татбиқи чораҳо аз рўйи таъминоти моддӣ ва дигар захираҳои заминавии илмии афзалиятноки давлатӣ аз рўйи забонҳои русӣ ва англисӣ, ки баҳри иҷрои самтҳои асосии рушди маориф ва ба дастовардани натиҷаҳои муайяни Барнома мусоидат менамояд;
— таъмини илмӣ ва методии таҳияи нақша, барномаҳои намунавӣ ва барномаҳои курсҳо, фанҳои таълимӣ ва дигар санадҳое, ки омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ талаб мекунад;
— дастгирӣ ва рушди системаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо тамоюли филологӣ, муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, марказҳои илмӣ ва макотиби илмӣ аз рўйи самтҳои асосии таҳқиқ дар омўзиши босифати забонҳои русӣ ва англисӣ;
— таҳияи илмӣ ва методии иттилоотӣ-техникӣ ва таъмини татбиқи Барнома;
— инкишофи ҳамкориҳои олимони забоншинос, методистон, омўзгорон ва дигар мутахассисони соҳаи психолингвистикаи Тоҷикистон, ки дар соҳаи таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамкорӣ бо марказҳои илмии байналмилалӣ татқиқот мебаранд;
— дар доираи имкониятҳои воқеии молиявӣ беҳтар кардани маблағгузории Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки раҳнамоӣ ва иҷрои корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва таҳияи дастурҳоро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ўҳда доранд;
Натиҷаҳои дилхоҳ аз татбиқи Барнома инҳоянд:
— татбиқи васеи натиҷаҳои илмӣ, педагогӣ, методӣ, пажўҳиш дар фаъолияти амалии муассисаҳои таълимӣ аз рўи омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
— барномаҳои илмӣ, илмӣ-амалӣ, инноватсионӣ, лоиҳаҳо аз рўи масоили асосии таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ки татбиқи Барномаро таъмин менамоянд;
— пешгўиҳои миёнамўҳлат, дарозмуддат, таҳлил ва талабот ба мутахссисони забонҳои русӣ ва англисӣ бо назардошти ҳадафҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
— татбиқ ва истифодаи васеи технология ва методҳои нави таълимӣ дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла шаклҳои фосилавии таълим;
— дастгирии афзалиятноки давлатии нигаҳдошт ва рушди марказҳои таълимӣ, ки ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ вобаста ба масъалаҳои забонҳои русӣ ва англисӣ сару кор доранд;
— созмон додани бонки иттилоотии барнома ва лоиҳаҳои миллӣ (тоҷикӣ) ва байналмилалӣ аз рўйи масоили омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла типологияи муқоисавӣ, назария ва амалияи таҳияи луғатҳои таълимӣ, асосҳои назария ва амалияи тарҷума.
ТАЪМИНОТИ КАДРИИ СИСТЕМАИ МАОРИФ
Самтҳои асосии фаъолияти таъминот бо мутахассисон ва кадрҳои забонҳои русӣ ва англисӣ:
— рушди системаи омода кардан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ, кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла роҳбарони сатҳи олӣ;
— таҳияи механизми таҳлил ва пешгўии талабот ба кадрҳои баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва системаҳои гуногуни соҳаи маориф;
— таҳияи механизми ҳамкориҳои амалӣ байни мақомот дар такмил ва бозомўзии омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, кормандони илмӣ –педагогӣ дар ин самт;
— таҳияи механизми омодакунии мақсадноки омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ки дар маҳал ва ноҳияҳои дурдаст ҷойгир шудаанд ва имкони кушодани филиали муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷалби мавсимии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин омўзгорони забонҳои русӣ ва англисиро доранд;
— таҳияи механизми омодакунии мақсадноки омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажуишгоҳҳои илмӣ тавассути магистратура, аспирантура ва докторантура;
— таҳия ва татбиқи чораҳои мақсадноки дастгирии молиявӣ ва иҷтимоии омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, ки дар шароити душвори муассисаҳои таълимии деҳот ва дигар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд;
— баланд бардоштани самаранокии системаи аттестатсияи омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси баҳогузории воқеии натиҷаҳои фаъолияти онҳо, донишҳои забонӣ ва методӣ, малака ва таҷрибаи кор дар муассисаҳои таълимӣ.
Натиҷаҳои нишонраси татбиқи Барнома:
— таъминоти босифати шаклҳои гуногуни муассисаҳои таълимии бо омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ;
— пешгирӣ кардани ҳолатҳои тарк намудан ва аз кор рафтани кадрҳои педагогӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ;
— мунтазам ва аз рўи нақша баланд бардоштани малакаи касбии омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла ба воситаи системаи баъд аз донишгоҳӣ бо истифода аз имконоти гузаштани бозомўзии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он;
— риоя ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубодилаи кадрҳои омўзгорӣ ва илмӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ.
9.ТАЪМИНОТИ МОДДӢ ВА ТЕХНИКИИ
МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Дастгирии рушди заминаи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз шартҳои асосии раванди таълим маҳсуб меёбад. Дар бисёри муассисаҳои таълимӣ то ин дам заминаи моддӣ-техникӣ вуҷуд надорад (компютерҳо, синфхонаҳои лингофонӣ, китобхонаи электронӣ). Китобхонаҳои мактабӣ аз фанни забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври кофӣ бо адабиёти зарурии таълимӣ ва методӣ таъмин нестанд.
Самтҳои асосии рушди ин самт:
— ҳифз ва нигаҳдошти заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ мутобиқ бо меъёрҳои давлатии таҳсилот, меъерҳои иҷтимоӣ, меъёрҳои забонҳои русӣ ва англисӣ.
Натиҷаҳои дилхоҳ аз татбиқи Барнома:
— таъмини заминаи моддӣ — техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар самти таълими барномаҳои забонҳои русӣ ва англисӣ;
— таҳия ва татбиқи моделҳои пешрафтаи инноватсионӣ ва иттилоотии усулҳои таълим, воситаҳои муосири техникӣ, воситаҳои аёнӣ барои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
— баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, обрў ва талабот ба меҳнати омўзгорон, кормандони системаи маориф, ки ба омўзонидани забонҳои русӣ ва англисӣ машғуланд;
— баланд бардоштани мақоми иҷтимоии кормандони муассисаҳои таълимӣ, ки ба таълими забонҳои русӣ ва англисӣ машғуланд;
— татбиқи дастгирии иҷтимоии омўзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА
Самтҳои асосии дастгирии молиявии Барнома:
— хароҷоти умумии молиявӣ, ки барои рушди низоми таълими забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқи қонунгузории соҳаи маориф ва тадбирҳои таъмини кафолатҳои давлатии кормандони педагогӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудааст;
— таъмини маблағгузории Барномаи таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ аз рўи имкониятҳои воқеии молиявӣ давра ба давра пешбинӣ шудааст;
— фароҳам овардани шароит барои ҷалби манбаҳои ғайрибуҷавии маблағгузорӣ бе кам кардани меъёрҳо ва андозаҳои мутлақи маблағгузорӣ.
[Профиль] [ЛС]

firdavs90 ®

Пол: Мужской

Стаж: 8 лет 10 месяцев

Сообщений: 89

Создавать темы 03-Янв-2019 21:31 (спустя 4 часа)

[Цитировать]

~Ashraf-tjk~, огромное спасибо. Выручил.
[Профиль] [ЛС]

Dezz

Пол: Мужской

Стаж: 5 лет 7 месяцев

Сообщений: 1040

Создавать темы 11-Янв-2019 11:23 (спустя 7 дней)

[Цитировать]

Помогите найти "Карори Хукумати ЧТ №427
http://base.mmk.tj/view_sanadholist.php
[Профиль] [ЛС]

scaumedes

Пол: Мужской

Стаж: 1 год 9 месяцев

Сообщений: 500

Создавать темы 11-Янв-2019 16:59 (спустя 5 часов)

[Цитировать]

в том то и дело что его там нет. Там вообще последнее время многих документов нет почему-то
[Профиль] [ЛС]

Dezz

Пол: Мужской

Стаж: 5 лет 7 месяцев

Сообщений: 1040

Создавать темы 11-Янв-2019 20:59 (спустя 4 часа)

[Цитировать]

2370041 в том то и дело что его там нет. Там вообще последнее время многих документов нет почему-то
идет обновление. Скора там все будет.
[Профиль] [ЛС]
Показать сообщения:    
Ответить на тему

Текущее время: 23-Янв 09:24

Часовой пояс: UTC + 3



Вы не можете начинать темы
Вы не можете отвечать на сообщения
Вы не можете редактировать свои сообщения
Вы не можете удалять свои сообщения
Вы не можете голосовать в опросах
Вы не можете прикреплять файлы к сообщениям
Вы не можете скачивать файлы